Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистони омилони бомбгузориро муаррифӣ кард


Додситони кулли Қазоқистон мегӯяд, дар бомбгузории рӯзи 31 октябр дар шаҳри Атирау, чаҳор узви гурӯҳи созмони террористии Ҷунд Ал-Халифа ва ё Сарбозони Хилофат даст доранд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ҳар чаҳор нафари онҳо шаҳрвандони Қазоқистон будаанд, ки яке аз онҳо дар инфиҷор ҳалок шуд ва се нафари дигарро боздошт карданд. Ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи террористии Сарбозони Хилофатро шаҳрвандони Қазоқистон дар марзи Афғонистону Покистон таъсис додаанд ва ҳадафи онҳо эъломи ҷиҳод дар Қазоқистон будааст. Дар бомбгузории рӯзи 31 октябр дар шаҳри Атирау касе осеб надид.
XS
SM
MD
LG