Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёсатмадори Белорусро нагузоштанд Минскро тарк кунад


Мақомоти Ҷумҳурии Белорус ба Уладзимир Някляев, номзади собиқ ба мақоми раиси ҷумҳур иҷоза надодаанд, барои табобат ба хориҷ сафар кунад. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, додгоҳи шаҳри Минск рӯзи чаҳоршанбе, дархости Уладзимир Някляев ҷиҳати сафар барои табобат ба як кишвари ғарбиро рад карда ва гуфтааст, "дар худи Ҷумҳурии Белорус, табибони соҳитаҷрибае ҳастанд, ки хидмати босифати тиббӣ расонида метавонанд.” Номзади собиқ ба мақоми раиси ҷумҳури Белорус, ки бо гуноҳи ташкили тазоҳуроти эътирозии ғайриқонунӣ дар моҳи декабри соли гузашта ба ду соли шартии зиндон маҳкум шудааст ва бидуни иҷозаи мақомот ҳаққи сафар ба хориҷро надорад.
XS
SM
MD
LG