Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низомиёни Шветсия тадриҷан Афғонистонро тарк мекунанд


Ҳукумати Шветсия хабар дод, ки бо мухолифин дар мавриди шурӯъи бозхонди низомиёни кишвар аз Афғонистон созиш ҳосил кардааст.Айни ҳол тақрибан 500 низомии швед дар ҳайати нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар канори шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон мустақаранд.

Карл Билдт, вазири умури хориҷии Шветсия гуфт, ки то охири соли оянда дар Афғонистон 400 сарбози кишвар боқӣ хоҳанд монд, то тобистони соли 2014 бештари онҳо ба ватан бармегарданд. Ӯ афзуд, ки қарор аст тақрибан 200 низомии Шветсия дар Афғонистон боқӣ монда, ба таълиму тамрини нерӯҳои амниятии кишвар машғул шаванд.
XS
SM
MD
LG