Пайвандҳои дастрасӣ

Русия эълом дошт, ки мухолифи ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон дар робита ба барномаи ҳастаии ин кишвар аст. Геннадий Гатилов, муовини вазири умури хориҷии Русия, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, ки таҳримҳои нав метавонанд чун фишор болои Теҳрон ба хотири табдили низомии сиёсии Эрон арзёбӣ шаванд.

Аз ин пеш изҳороти вазорати умури хориҷии Фаронса изҳор намуд, ки Порис ба эъмоли таҳримҳои бесобиқа болои Эрон дар сурати аз сӯи Теҳрон рад шудани талаботи ҷомеъаи ҷаҳонӣ омода аст. Фаронса аз Шӯрои амнияти СММ даъват кард, ки изҳороти ахири Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар бораи талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро баррасӣ кунад.

Дар гузориши ахири МАГАТЭ гуфта шудааст, ки дар бораи талошҳои Теҳрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ иттилоъ зери даст дорад.

Теҳрон ин гузоришро "бетавозун" ва "дорои ангезаи сиёсӣ" номид. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, имрӯз дар ҷамъи сокинони Шаҳри Курд, як шаҳри воқеъ дар маркази кишвар, изҳор намуд, ки Эрон ниёзе ба силоҳи ҳастаӣ надорад.

Аз ин пеш ӯ гузориши МАГАТЭ-ро таҳияшуда дар Амрико хонда буд. Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин такрор кард, ки кишвараш аз идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ ба ҳеҷ ваҷҳ даст бардоштанӣ нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG