Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лондон дубора ба саҳнаи тазоҳурот табдил шуд


Дар Лондон беш аз даҳ ҳазор нафар, асосан донишҷӯёни аз гӯшаи канори Бритониё омада, алайҳи сиёсати ҳукумат дар бахши маориф раҳпаймоӣ мекунанд. Онҳо аз боло рафтани қиммати таҳсил дар донишгоҳҳо ва дигар чораҳои сарфаи буҷа норозиянд.

Дар маркази Лондон фаъолон даҳҳо хайма зада, бо ҷунбиши “Биржаи Лондонро забт намо!” изҳори ҳамраъй кардаанд.

Раҳпаймоии имрӯза – бузургтарин дар пойтахти Бритониё аз моҳи август ба ин сӯ маҳсуб мешавад. Намоиши ду моҳи пеш ба нооромиҳо дар Лондон печида буд.
XS
SM
MD
LG