Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА пойгоҳи Баладро дар ихтиёри ироқиҳо гузошт


Низомиёни амрикоӣ яке аз бузургтарин пойгоҳҳои ҳавоияшон дар Ироқро дар ихтиёри нерӯҳои маҳаллӣ гузоштанд. Замони ҷанг дар Ироқ дар пойгоҳи Балад, воқеъ дар шимоли Бағдод, беш аз 30 ҳазор низомиёни нерӯҳои пиёдагард ва ҳавоии Амрико мустақар буданд.

Соли 2006 ин пойгоҳ аз рӯи парвозу фуруд омадани ҳавопаймоҳо баъд аз фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон дар мақоми дуввум дар ҷаҳон қарор дошт.

Охирин низомиёни амрикоӣ чанд ҳафта пеш ин пойгоҳро тарк намуданд. То охири сол бояд ҳама афсарону сарбозони амрикоӣ аз Ироқ берун раванд.
XS
SM
MD
LG