Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Ҳукми халабонҳо суолҳои зиёдро эҷод кардааст


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар сӯҳбати интернетӣ бо блогнависон изҳор намуд, ки ба низомии додгоҳии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест ва аммо ҳукми додгоҳ дар баробари халабони рус Владимир Садовничий суолҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳукм дар робита ба ин парванда ҳам аз нуқтаи назари ҷинояте, ки гӯё шаҳрванди мо ва халабони эстонӣ содир кардаанд ва ҳам аз нуқтаи назари чӣ гуна гузаштани мурофиа суолҳои зиёдеро эҷод кардааст”. Дмитрий Медведев афзудааст, “мо посухи расмии кишвареро, ки бо он равобити ҳампаймонӣ дорем, интизор хоҳем шуд ва баъдан тасмим хоҳем гирифт”. Сарвари Русия гуфтааст, ки ин тасмимҳо метавонанд ҳамвазн бо ҳукми додгоҳ бошад ё хайр. Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, ӯ ба вазорати умури хориҷӣ ва дигар ниҳодҳо амр кардааст, ки ин қазияро пайгирӣ кунанд.

Аз ин пеш Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсиони Русия, изҳор намуд, ки имрӯз дар долонҳои нишасти Маҷмааи байнипарлумонии Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Санкт-Петербург бо раиси парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад ва хостори арзёбии то куҷо қонунӣ будани ҳукми додгоҳ дар баробари халабони рус аз сӯи вакилони парлумони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дирӯз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Халабонҳо моҳи марти соли равон бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Дар ҳавопаймои онҳо як муҳаррики авиатсионии қочоқӣ ошкор гардид.

Вазорати умури хориҷии Русия ҳукми ҳабси Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро “сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG