Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ дар интихобот ширкат нахоҳад кард


Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, изҳор намуд, дар интихоботи қабл аз вақт, ки баъди истеъфояш баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард. Аз ин пеш ӯ хабар дод, ки баъд аз қабули қонун дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ аз сӯи парлумон мақоми худро тарк мекунад. Қабули ин қонун, ба гуфтаи ӯ, барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони қарз зарур аст.

Баъди нашри изҳороти Берлусконӣ дар бораи истеъфои қарибулвуқӯяш қимати саҳмияҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳон боло рафт.

Силвио Берлусконӣ изҳор намуд, ки баъди истеъфои ӯ бояд интихоботи қабл аз вақт эълон шавад. Аммо мухолифин хостори ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ шудаанд.

Ҷорҷ Наполитано, раисиҷумҳури Итолиё хабар дод, ки баъд аз пазируфта шудани тарҳи нави буҷаи кишвар бо ҳама аҳзоби сиёсии кишвар машваратҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, ки раъйдиҳӣ ба қонун дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳарду палатаи парлумони Итолиё моҳи ноябр баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG