Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки ҳукми Садовничий боиси вокунишҳо дар Русия гардид, аз Эстония дар иртибот бо ҳукми Руденко вокуниши зиёд ба чашм намехӯрад.

Эстония эҳсосро канор гузошта, тасмим гирифтааст, баъди арзёбии аризаи вакили мудофиаи Руденко иқдоми баъдиашро ошкор кунад.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Таллин, аз Свен Тёлп, раиси Хадамоти консулии вазорати корҳои хориҷии Эстония пурсидам, ки ин иқдом аз чӣ иборат буда метавонад?

Посух: “Мо дар Тоҷикистон додгоҳро аз наздик пайгирӣ дорем. Ман дар ҳақиқат ҳукми додгоҳи як кишварро шарҳ дода наметавонам, вале ба назар мерасад, ки баъзе масъалаҳо барои мо возеҳ нестанд ва мо хабар гирифтем, ки вакили мудофиаи шаҳрванди мо тасмим гирифтааст, бознигарии ҳукми додгоҳро талаб кунад. Яъне қадами навбатӣ дар додгоҳ ҳамин аст.”

Свен Тёлп, раиси Хадамоти консулии вазорати корҳои хориҷии Эстония

Свен Тёлп, раиси Хадамоти консулии вазорати корҳои хориҷии Эстония

Суол: Баъзе расонаҳои хабарии Тоҷикистон навиштаанд, ки Эстония ҳамроҳ бо Русияву Иттиҳодияи Аврупо истирдоди Руденкоро дар миён хоҳад гузошт, то ин шаҳрванди Эстония мӯҳлати ҷазоро дар зиндони эстонӣ сипарӣ намояд?

Посух: “Хуб, ҳоло ҳарфи ниҳоиро нагуфтаанд. Мо умед дорем, ки дар қадами навбатӣ ҳукми додгоҳ тағйир меёбад. Ба ҳар ҳол мо бо сафорати Олмон дар Душанбе тамоси доимӣ дорему онҳо дар чорчӯби ҳамкориҳои консулии Иттиҳодияи Аврупо аз мо дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунон медонед, ки дар ин қазия як шаҳрванди Русия низ шомил аст. Аз ин рӯ, воқеан, мо бо Русия низ ҳамкорӣ дорем.”

Суол: Баъзе мақомдорон ва сиёсатмадорони Русия шикоят кардаанд, ки ҷониби Тоҷикистон имкон надодааст, ки дипломатҳои Русия саривақт бо Садовничий мулоқот кунанд. Оё Эстония ҳам бо чунин мушкилӣ мувоҷеҳ буд?

Ҷавоб: “Не. Аз лаҳзае, ки мо аризаи модари Руденкоро дастрас намудем ва ӯ хабар дод, ки писарашро дар Тоҷикистон боздошт намудаанд ва ӯ ба кӯмак ниёз дорад, мо сафорати Олмон дар Душанберо дар ҷараён гузоштем ва мо ҳамчунон аз вакили мудофиаи Руденко маълумот дарёфт намудем. Дар марҳилаи аввал худи Руденко аз мо чизе нахостааст. Медонед, мехоҳам гӯям, ки ҳукми додгоҳ фақат дирӯз эълон шуд ва мо то кунун тамоми маводи қазияро дастрас накардаем. Ман нусхаи ҳукми додгоҳро надидаам ва наметавонам онро шарҳ диҳам. Вақте тамоми аснодро омӯхтем, мо иқдомҳои баъдии хуро ташхис хоҳем кард. Агар ҳукми додгоҳ тағйир наёбад, мо созиши истирдоди шаҳрвандони маҳбус бо Тоҷикистонро ба имзо мерасонем, то шаҳрвандони ду кишвар мӯҳлати муҷозотро дар зиндонҳои ватанҳояшон сипарӣ кунанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG