Пайвандҳои дастрасӣ

Кристин Лагард, раиси Сандуқи байнулмилалии пул, ҳушдор дод, ки иқтисодҳои ҷаҳонӣ дар рӯ ба рӯи номуайянӣ ва беэътидолии молиявӣ қарор доранд.

Зимни суханронӣ дар Форуми байнулмилали молиявӣ дар Пекин, ӯ изҳор намуд, ки кишварҳои Осиё низ метавонанд ба мушкилоти ҳамсон бо мушкилоти "минтақаи евро" мувоҷеҳ шаванд.

Хонум Лагард дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Чин асосан рӯи мавзӯъи амиқрафти бӯҳрон дар "минтақаи евро" тамаркуз хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар ҷараёни музокироти ӯ бо мақомоти Чин мавзӯъи пуштибонии эҳтимолии Пекин аз Бунёди аврупоии эътидоли молиявӣ барарсӣ шавад. Ин Бунёд ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони қарзӣ дар “минтақаи евро” таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG