Пайвандҳои дастрасӣ

Мири пешини шаҳри Маскав Юрий Лужков ба Русия баргашт ва қарор аст, ки рӯзи 15 ноябр барои бозпурсӣ дар робита ба яғмои маблағ дар Бонки Маскав дар раёсати тафтишотии вазорати умури дохила ҳозир шавад.

Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба як манбаъ дар Донишгоҳи байнулмилалии Маскав хабар дод. Баъд аз истеъфо аз мақоми мири Маскав Юрий Лужков дар ин донишгоҳ кор мекунад.

Лужков аз ин пеш чанд бор эълом дошт, ки аз тафтишот фирор карданӣ нест, ҳарчанд даъват барои бозпурсиро “супориши сиёсӣ” мехонад.
XS
SM
MD
LG