Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳоро дар Атирау "Сарбозони Халифат" анҷом додааст


Додситонии кулли Қазоқистон иқрор намуд, ки таркишҳо дар шаҳри Атирау бо дастури гурӯҳи ифротии “Сарбозони Халифат” анҷом дода шудаанд. Бар пояи иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, ин гурӯҳро шаҳрвандони Қазоқистон, ки аз сӯи мусаллаҳони афғон меҷанганд, ташкил кардаанд.

Таркишҳо рӯзи 31 октябр пайи ҳам дар канори бинои ҳукумати Атирау ва дар назди додситонӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Таркиши дуввумро маргталаби ношинос анҷом дод ва дар ин ҳодисаҳо фақат маргталаб ба ҳалокат расидаасту халос.

Масъулияти таркишҳоро гурӯҳи “Сарбозони Хплифат” бар дӯш гирифт ва аммо мақомот ин фарзияро билофосила рад карда гуфта буданд, ки дар Қазоқистон ягон гурӯҳи мусаллаҳи пинҳонкор мавҷуд нест.
XS
SM
MD
LG