Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши бозорҳо ба истеъфои қарибулвуқӯи Берлусконӣ


Баъд аз изҳороти сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ дар бораи истеъфои қарибулвуқӯяш, қимати саҳмияҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳон боло рафт.

Раиси ҳукумати Итолиё хабар дод, ки баъд аз қабули қонун дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ аз сӯи парлумон, мақоми худро тарк мекунад. Қабули ин қонун, ба гуфтаи ӯ, барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони қарз зарур аст.

Силвио Берлусконӣ изҳор намуд, ки баъди истеъфои ӯ интихоботи қабл аз вақт эълон хоҳад шуд. Аммо мухолифин хостори ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ шудаанд.

Ҷорҷ Наполитано, раисиҷумҳури Итолиё хабар дод, ки баъд аз пазируфта шудани тарҳи нави буҷаи кишвар бо ҳама аҳзоби сиёсии кишвар машваратҳо шурӯъ мешавад.

Интизор меравад, ки раъйдиҳӣ ба қонуни ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳарду палатаи парлумони Итолиё моҳи ноябр баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG