Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози "меҳмони нохонда" ба ҳамсафари Миррих


Русия фазонаварди пажӯҳишии бесарнишинеро ба курраи Фобос, як ҳамсафари Миррих фиристод. Фазонаварди “Фобос Грунт” шаби сешанбе аз пойгоҳи кайҳонии Байконури Қазоқистон партоб шуд. Фазонавард бояд соли 2014 аз курраи Фобос 200 грам хоки онро ба Замин биёрад. Русия баъди суқути шӯравӣ то кунун барои таҳқиқи саёраҳои дигар мушаке нафиристода буд.
XS
SM
MD
LG