Пайвандҳои дастрасӣ

IAEA: "Эрон барои сохти бомби атомиро кор кардааст"


Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ мегӯяд, Эрон болои сохти бомби атомӣ кор карда ва дар ҳамин иртибот пажӯҳишу озмоишҳоеро анҷом додааст. Юкиа Амано, мудири оҷонс гуфт, гузориши нав доир ба барномаҳои атомии Эрон нишон медиҳад, ки “Эрон фаъолиятҳои вобаста ба абзори таркандаи атомиро” анҷом додааст. Дар гузориш омадааст, баъзе аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аҳдофи сулҳомез доранд, аммо бархе аз фаъолиятҳои дигари кишвар ба таври мушаххас ба ҳадафи сохти силоҳи атомӣ анҷом мешаванд. Ба гуфтаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мумкин аст, ки ингуна фаъолиятҳо ҳанӯз ҳам идома дошта бошанд. Пеш аз нашри гузориш Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Юкиа Амано, "чаҳор қоғазеро пешкаш мекунанд, ки мақомоти Амрико ба ӯ додаанд."
XS
SM
MD
LG