Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар Бодғизи Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари инфиҷори бомби канори роҳ дар вилояти Бодғис, 11 нафар аз ҷумла 9 узви як хонавода кушта шуданд. Ду қурбонии дигар маъмурони пулис будаанд. Ҳодиса рӯзи душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Афғонистон мошини маъмурони пулис ва мошини хусусии он хонавода ба бомби канори роҳ бархӯрдаанд. Масъулияти бомбгузориро касе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG