Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури нави Қирғизистон қасам ёд мекунад


Алмосбек Отамбоев, ки моҳи гузашта раиси ҷумҳури Қирғизистон интихоб шуд, қабл аз 31 декабр савганди расмӣ ёд хоҳад кард. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ваколатҳои раёсати ҷумҳури Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури феълӣ 31 декабр ба поён мерасад ва бар асоси қонун маросими адои савганди раиси ҷумҳури нав бояд пеш аз ин сана баргузор шавад. Алмосбек Отамбоев, дар интихоботи охири моҳи октябр 63 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, аммо Кумиссиёни марказии интихоботи Қирғизистон ҳанӯз натиҷаҳои ниҳоии интихоботро расман эълом накардааст.
XS
SM
MD
LG