Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзномаи Ӯзбакистон аз нашр монд


Дар Ӯзбакистон яке аз рӯзномаҳои пурхонандаи кишвар аз нашр бозмондааст. Баҳодур Юлдошев, сардабири рӯзномаи “Ойинаи асри 21”, ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, мушкилоти молӣ сабаби аз нашр мондани рӯзнома шудааст, аммо иллати ин ба гуфтаи яке аз кормандони рӯзнома, нашри чанд реклама ва ё паёмҳои бозаргонӣ будааст. Рӯзномаи “Ойинаи асри 21” аз соли 1990 дар Ӯзбакистон нашр мешуд ва яке аз рӯзномаҳои камшуморе будааст, ки доир ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар менавишт. Мақомоти Ӯзбакистон дар гузашта чандин рӯзномаҳои нимамустақилро бо баҳонаҳои нашри паёмҳои бозаргонии ношоиста бастанд.
XS
SM
MD
LG