Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи Чаҳоргона ба Ховари Миёна меравад


Фиристодагони Чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна ҳафтаи оянда бо ҳайъатҳои фаластинӣ ва исроилӣ шеваҳои расидан ба сулҳро баррасӣ мекунанд. Қарор аст онҳо, ҳарду тарафро ташвиқ намоянд, ки пешниҳодоти худ дар бораи амният ва сарзаминҳои ишғолиро ироа кунанд. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, “чаҳоргона аз ҳарду тараф хост, бар асоси ҷадвали замонии таъйиншуда, дар ҷараёни се моҳ пешниҳодоти фарогир дар мавриди сарзаминҳо ва амниятро” таҳия намоянд. Гурӯҳи чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна, рӯзи 23 сентябр хоста буд, то Исроилу Фаластиниён дар муддати як моҳ музокироти мустақими сулҳро аз сар бигиранд, вале ин чиз иттифоқ наафтод. Ба гурӯҳи мазкур Амрикову Русия, Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо шомиланд.
XS
SM
MD
LG