Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши вазорати умури хориҷии Русия ба ҳукми халабонҳо


Вазорати умури хориҷии Русия ҳукми ҳабси халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро “сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ” арзёбӣ кард. Александр Лукашевич, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия, ба телевизиони Русия изҳор намуд, ки "ҷониби Тоҷикистон дидаву дониста меъёрҳои феълии байналмилалиро поймол мекунад, ҳамчунин маълум нест, ки дар мавриди ҳавопаймоҳои боздоштшуда аз чӣ иқдом кор гирифта мешавад". Ба гуфтаи ӯ, "ин тасмим ба таҳкими равобити ҷории ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ миёни кишварҳои мо мусоидат намекунад ва ба ин робитаҳо халали ҷиддӣ ворид месозад".

Аз ин пеш сафорати Русия дар Тоҷикистон эълом дошт, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа розӣ нест. Ба навиштаи хабаргузории Азия-плюс, Дмитрий Кабаев, мушовири сафорат гуфтааст, ки онҳо ҳукми раҳоии халабонҳо аз сӯи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро интизор буданд.

Ӯ изҳор намуд, ки “мо дар оянда ҳам аз манофеъи шаҳрвандамон дифоъ хоҳем кард. Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст ва мо умедвори ҳалли мусбии ин мавзӯем”.

Имрӯз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро барои ҳашту ним солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Халабонҳо моҳи марти соли равон бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Онҳо дар мурофиа айбро ба гардан нагирифтанд ва гуфтанд, ки маҷбур шудаанд то ҳавопаймоҳоро дар шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд оваранд.

Вакили дифоъи халабонҳо Ғулом Бобоев изҳор намуд, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебарад.
XS
SM
MD
LG