Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Исроил ва номаи дастҷамъии нухбагони эронӣ


Дар вокуниш ба ҳамлаи эҳтимолӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон, шахсиятҳои маъруфи эронии муқими кишварҳои мухталиф, номаи дастаҷамъӣ интишор доданд.

Онҳо режими Эронро маҳкум карданд, вале аз Исроил ва кишварҳои арабӣ хостанд, ки аз чунин ҳамла худдорӣ кунанд. Ин нома бо имзои беш аз 120 нафар рӯшанфикрон, рӯзноманигорон, нависандагон ва фаъолони сиёсии эронии муқими хориҷ мунташаир шудааст.

Акбар Ганҷӣ
Акбар Ганҷӣ
Акбар Ганҷӣ, нависандаи чирадасти эронӣ, ки дар Амрико ба сар мебарад, яке аз муаллифони ин нома аст. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо намегӯем, ки бо як нома мешавад мушкилӣ бо ин бузургӣ ва ин печидагиро ҳал кард. Мо мутлақо чунин интизории бузурге надорем. Мо мегӯем, ки агар Эрон воқеан дунболи силоҳи атомӣ нест, он гуна, ки мақомоти Эрон мегӯянд, бигузор шаффофият ба харҷ диҳад дар бозрасиҳо ва бигзорад онҳо комилан бубинанд, ки агар сӯитафоҳуме вуҷуд дорад, рафъ шавад.”

Рӯшанфикрони эронӣ дар номаи худ навиштаанд, ки сарнагунии ҳукумати Қаззофӣ бо мудохилаи хориҷӣ “ҳоло касонеро ба ин тамаъ андохтааст, то раҳоии Эрон аз низоми ситамгари фақеҳсолорро дар иҷрои сенариёи мушобеҳ биҷӯянд.”

Ин гурӯҳи рӯшанфикрон, ки худро “гурӯҳе аз кӯшандагони роҳи озодиву мудофеони ҳуқуқи башар хондаанд, ибрози умедворӣ кардаанд, ки дар ояндаи наздик ҳукумате дар Эрон ташкил шавад, ки ба гуфтаи онҳо “мардуми Эрон, занону мардон аз ҳар қавм, забон ва дину боварӣ битавонанд ба шеваи баробар дар идораи он мушорикати озодонаву ҳузури муассир дошта бошанд.”

Муаллифони нома навиштаанд, “мо бо таҳоҷуми низомӣ ба кишварамон - Эрон ба ҳар сабабе, ки бошад, аз ҷумла баҳонаи нигаронӣ аз моҷароҷӯиҳои номасъулонаи режим дар фаъолиятҳои ҳастаӣ, мухолифем.

ТО ЧӢ АНДОЗА ИМКОНИ ҲАМЛА БА ЭРОН ҶИДДИСТ?

Дар остонаи интишори гузориши нави Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон, ин кишвар гуфтааст, Ғарб бояд бо далелҳо нишон диҳад, ки Эрон дар садади иҷоди аслиҳаи атомист. Ин вокуниши Эрон дар ҳоле садо додааст, ки қаблан ожонси мазкур эълон кард, ки дар гузориши навбатии худ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон далоили нав ироа хоҳад кард. Дар давоми як ҳафтаи ахир арзёбиҳои байналмилалӣ аз барномаҳои ҳастаии Эрон мухталиф будааст ва ҳатто масъалаи ҳамлаи эҳтимолӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон низ ба матбуот роҳ ёфт. Аз ҷумла, Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил ҳафтаи гузашта аз ҳамин мавзӯъ сӯҳбат мекард. Дар як мусоҳиба Амир Тоҳирӣ-таҳлилгари умури Эрон дар Маркази мутолеоти Ховари Миёна дар Лондон чунин гуфт:

Амир Тоҳирӣ: Мудири Ожонс барои Ҷумҳурии Исломӣ 19 суол таъйин кардааст ва дар интизори посух хоҳад буд. Дуввум, таъйиди як гузориши мустақил дар ин бора, ки Эрон дар канори барномаи ҳастаии худ як барномаи ғайрирасмӣ ҳам барои “абъоди низомӣ”-и ин масъала дорад. Севвум ин, ки Эрон озмоишҳое дар заминаи санҷиши ҳастаӣ анҷом додааст, яъне он механизме, ки барои шиллики кулоҳакҳои ҳастӣ лозим аст.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки дар посух ба ин барномаҳои Эрон, кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс низ мумкин аст барои ҳимоят аз худ барномаҳое мисли барномаҳои Эрон рӯи даст бигиранд ва тавозуни нерӯ дар Ховари Миёна тағйиир кунад?

Амир Тоҳирӣ
Амир Тоҳирӣ
Амир Тоҳирӣ: Агар Эрон дорои силоҳи ҳастаӣ шавад, вазъи кунунӣ ба куллӣ иваз мешавад. Чашмандози стротегии минтақа тағйир мекунад ва ҳамакнун мебинем, ки Туркия дар бораи мусаллаҳ шудан ба як зарфияти лоақали ҳастаӣ машғули мутолеа ҳаст, Арабистони Саудӣ як кумиссиюни махсус барои мутолиаи масъалаи ҳастаӣ ба раёсати валиаҳди худ Амир Ноиф ташкил додааст. Ҳатто Имороти Муттаҳидаи Араб музокиротеро барои як зарфияти ҳастаӣ бо Фаронса шурӯъ кардааст. Эҳтимоли дигар ҳам ҳаст, ки бахше аз зарродхонаи ҳастаии Покистон ба Арабистони Саудӣ мунтақил шавад. Дар воқеъ ин кишвар ҳазинаи аслии зарродхонаи ҳастаии Покистонро дар 25 соли ахир пардохт кард.

Озодӣ: То чӣ андоза хатари истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Эрон вуҷуд дорад ва чӣ кишварҳое метавонанд ҳадаф қарор бигиранд?

Амир Тоҳирӣ: Ҷумҳурии Исломӣ ҳамеша аз ду кишвар бо луғати “душман” ёд мекунад. Яке Иёлоти Муттаҳида аст ва ва дигарӣ Исроил. Албатта шиллики силоҳи ҳастаӣ ба хоки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоло ҳозир дар қудрати Эрон нест. Вале дар мавриди Исроил истифода аз як бомби ҳастаӣ ба шакли клоссик душвор хоҳад буд, чун Исроил як минтақаи кӯчакест бо 26 ҳазор километри мураббаъ. Дар сурати шиллики силоҳи ҳастаӣ, фаластиниҳо ҳам қатли ом хоҳанд шуд. Бинобар ин танҳо эҳтимоли истифода аз силоҳи ҳастаӣ ҳамон силоҳи тактикист ба василаи “Ҳизбуллоҳ” ё “Ҳамос” ё “Ҷиҳоди Исломӣ”.

Озодӣ: Оқои Тоҳирӣ, дар ҳамин ҳафтаи гузашта Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил изҳор дошт, ки эҳтимоли ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон наздик шудааст. Ба назари шумо то чӣ андоза эҳтимоли ҳамла вуҷуд дорад аз сӯи Исроил ё кишварҳои дигар?

Амир Тоҳирӣ: Вақте, ки раиси ҷумҳури як кишвар мисли Исроил, вазири дифои он ва нахуствазираш суҳбат аз эҳтимоли ҳамла мекунанд, ба назари ман бояд онро ҷиддӣ гирифт. Ҷанг хеле чизи ҷиддист ва намешавад бо он шӯхӣ кард. Ба хусус, ки Исроил собиқаи ин корро дорад. Соли 1981 Исроил бо як ҳамла таъсисоти атомии Ироқро нобуд кард ва дар соли 2007 бо як ҳамла таъсисоти атомии Сурияро нобуд кард. Барои ҳамин, кишваре бо ин собиқа вақте сӯҳбат аз ҷанг мекунад, бояд ҷиддӣ пиндошт.

Озодӣ: Ба ин изҳороти Шимон Перес кишварҳои дигар ҳам вокуниш нишон доданд?

Амир Тоҳирӣ: Бале, ҳамаи кишварҳо ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида вокуниш нишон доданд. Фаронса навъе вокуниш нишон додааст, ки гӯё аз чунин ҳамла истиқбол мекунад. Русия ҳушдор додааст, ки чунин ҳамла корро душвортар хоҳад кард ва мумкин аст ба ҷанги васеътаре дар Ховари Миёна мунҷар шавад. Вале ин гуна сӯҳбатҳо дар соли 1981 дар остонаи ҳамлаи Исроил ба Ироқ ҳам буд. Дар остонаи ҳамлаи Исроил ба Сурия дар соли 2007 ҳам буд. Яъне ин чизи тозае нест ва исроилиҳо кучактарин таваҷҷуҳе ба афкори умумӣ накарданд.
XS
SM
MD
LG