Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҷрои шимолӣ" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт


Дар шаҳри Любмини Олмон маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти лӯлаи интиқоли гази “Маҷрои шимолӣ” баргузор шуд. Дар маросим раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва сарвазирони Ҳуланду Фаронса ширкат доштанд.

Тавассути ин лӯла, ки аз қаъри баҳри Балтик мегузарад, гази Русия ба Олмон дигар кишварҳои аврупоӣ интиқол меёбад. Дар марҳалаи аввал интиқоли газ соле то 27,5 миллиард метри мукаабро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG