Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки номи “милиса”-ро бо “полис” табдил кунанд.

Равшан Ҷеенбеков, ҳамраиси гурӯҳи кории парлумонӣ, ки тарҳи қонунро дар бора таҳия мекунанд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳадаф аз ин тағйирот – беҳбуди омӯзиши кормандони умури дохилӣ, аз байн бурдани фасод ва ислоҳоти комили полиси нақлиёт ба хотири таъмини бехатарӣ дар роҳҳои кишвар аст.

Моҳи март дар Русия милиса ба полис табдил шуда буд. Моҳи апрел вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳам эълом дошт, ки дар кишвар номи милиса ба полис иваз карда мешавад. Қазоқистон аз ин иқдом чанд сол пеш кор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG