Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав ҳукми халабонҳоро сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ мехонад


Мақомоти Русия ҳукми ҳабси халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро “басо сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ” мехонанд.

Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, вазорати умури хориҷии Русия ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар баробари халабонҳоро ҳамин гуна ташреҳ кардааст. Дар ин вазорат ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки “айби халабонҳо дар додгоҳ ба таври қотеъ собит нашудааст, ҳукм дар пояи ҳадсзаниҳои бидуни далел таҳия шудааст ва ба ин васила ҷониби Тоҷикистон меъёрҳои феълии байнулмилалиро поймол намудааст”.

Раиси яке аз комиссиюнҳои Палатаи ҷамоатии Русия Анатолий Кучерена ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппаро чун “торсакие ба рӯи Русия” арзёбӣ кард.

Аз ин пеш сафорати Русия дар Тоҷикистон эълом дошт, ки бо ҳукми додгоҳи халабонҳо розӣ нест. Ба навиштаи хабаргузории Азия-плюс, Дмитрий Кабаев, мушовири сафорат гуфтааст, ки онҳо ҳукми раҳоии халабонҳо аз сӯи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро интизор буданд. Ӯ изҳор намудааст, ки “мо дар оянда ҳам аз манофеъи шаҳрвандамон дифоъ хоҳем кард. Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст ва мо умедвори ҳалли мусбии ин мавзӯем”.

Вакили дифоъи халабонҳо Ғулом Бобоев ҳам изҳор намуд, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебарад.

Имрӯз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро барои даҳу ним солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ва аммо, ба иттилоъи хабаргузориҳо, бар пояи Қонуни авф ҳукми ҳарду халабон ду солӣ кам карда шудааст ва ҳамин тарақ, Садовничий ва Руденко 8,5 солиро дар маҳбаси низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард.

Халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко моҳи марти соли равон бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Онҳо гуноҳи худро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ҳавопаймоҳо маводи сӯхти кофӣ надоштанд ва аз рӯ маҷбур шуданд то дар Қӯрғонтеппа фуруд биёянд.
XS
SM
MD
LG