Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дастрасӣ ба иттилоъ осон мешавад?


Тибқи тарҳи нави Қонуни матбуот, муҳлати дарёфти иттилоъ аз мақомот барои хабарнигорон 3 рӯз муқаррар шудааст.

Ва агар хабару маълумот омода бошад, бояд дарҳол пешкаш карда шавад.
Дар ин муҳлат мақомоти давлатӣ муваззаф ҳастанд, ки иттилои лозимаро дар ихтиёри рӯзноманигорон қарор диҳанд.

АЗ 15 РӮЗ БА 3 РӮЗ...

Ин тағйироти тарҳи қонун бо пешниҳоди намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки феълан дар доираи як гурӯҳи корӣ, дар парлумони Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дода мешавад.

Акрамшо Фелалиев, вакили Маҷлиси Намояндагон
Акрамшо Фелалиев, вакили Маҷлиси Намояндагон
Акрамшо Фелалиев, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, агар қаблан ин муҳлат 15 рӯзро дар бар мегирифт, ҳоло тибқи моддаҳои 22 ва 23 ба се рӯз оварда шуд: «Масалан дар моддаи 22, ки аз 5 банд иборат аст, мақомоти давлатӣ ва шахсони масъули ташкилот вазифадоранд, ки ба намояндагони васоити ахбори омма маводи расмии зарурӣ ва ҷиддию таҳлилиеро, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунад, дар муддати то се рӯзи корӣ ҷавоб гардонад. Агар мавод омода бошад, метавонад дарҳол пешниҳод кунад.»

Моддаи 9-и ҳамин тарҳ, додани хабареро манъ мекунад, ки агар ба сирри давлатӣ рабт дошта бошад.

ҲАЗФИ БАНДИ "ҲИМОЯИ ШАЪНУ ШАРАФИ ПРЕЗИДЕНТ"

Дарёфти иттилоъ аз мақомоти давлатӣ, ки дар пешниҳоди хабару маълумот бо ҳар баҳона худдорӣ мекунанд, ба як дарди сари журналистҳо табдил шудааст. Ҳатто дар баъзе ҳодисаҳои муҳиму доғ, хабарнигорон аз мақомоти ҳукуматӣ хабарҳои мухталиф ва баъзан зидду нақиз дарёфт мекунанд, ки бештар шакку шубҳаро ба вуҷуд меорад.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои озоди Тоҷикистон мегӯяд, яке аз пешниҳодоти муҳими ин гуруҳи корӣ, ҳамин масъалаи муҳлати дарёфти маълумот буд.

Пешниҳоди дигаре, ки дар тарҳи феълии қонуни мазкур ба эътибор гирифта шудааст, ҳазфи моддаи 6 мебошад, ки онҷо сухан аз ҳимояи шаъну шарафи президент меравад: «Дар он ҷо мо пешниҳод карда будем, ки ҳамин банди қонун, яъне ҳимояи шаъну шарафи президент бардошта шавад. Ва дар тарҳи ҷадид ҳамин модда бардошта шуд.»

Ба қавли Нуриддин Қаршибоев барои иҷрои ин банд қонуни кайфарии Тоҷикистон амал мекунад ва овардани ин масъала дар як қонуни соҳавӣ маъно надорад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим


"ДАВЛАТ ЖУРНАЛИСТОНРО ЧУН ЖУРНАЛИСТ ҚАБУЛ КУНАД"

Ва аммо раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов мегӯяд, ки мувофиқи пешниҳоди дигар, бояд идораҳои давлатӣ журналистонро ба ҳайси журналист ё рӯзноманигор қабул кунанд ва иттилоъро дар ихтиёрашон гузорад: «Асосан вақте, ки журналистро
Акбари Саттор
Акбари Саттор
қабул мекунанд, набояд дастгоҳҳои давлатӣ мактуб пурсанд. Имрӯзҳо журналистро ҳамчун шаҳрванд қабул мекунанд, ки ин нодуруст аст. Ва дар ин тарҳи нав бояд аз ин дидгоҳ ҳимоят шавад.»

Вале аксари намояндагони расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ки баҳси гуруҳи корӣ дар парлумон бар сари тарҳи Қонуни васоити ахбори омма ба дарозо кашидааст ва онҳо бим доранд, ки тағйиру иловаҳое, ки ба эътибор гирифта шуданд, боз сарфи назар карда шаванд.

Дар робита ба ин масъала Акрамшо Филалиев, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, то замоне, ки онҳо ба ҳар банду фаслу моддаи тарҳи мазкур ба мувофиқа наоянд, дар иҷлосия онро ба овоз нахоҳанд гузошт.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» 14-уми декабри соли 1990, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба тасвиб расида буд ва то кунун ҳафт маротиба ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.
XS
SM
MD
LG