Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Русия бо ҳукми ҳабси халабонҳо розӣ нест


Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳи халабонҳои ширкати
Rolkan Investmens Ltd - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко розӣ нест. Ба навиштаи хабаргузории Азия-плюс, Дмитрий Кабаев, мушовири сафорат гуфтааст, ки онҳо ҳукми раҳоии халабонҳо аз сӯи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро интизор буданд. Ӯ изҳор намудааст, ки “мо дар оянда ҳам аз манофеъи шаҳрвандамон дифоъ хоҳем кард. Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст ва мо умедвори ҳалли мусбии ин мавзӯем”.

Вакили дифоъи халабонҳо Ғулом Бобоев ҳам изҳор намуд, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебарад.

Имрӯз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро барои даҳу ним солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ва аммо, ба иттилоъи хабаргузориҳо, бар пояи Қонуни авф ҳукми ҳарду халабон ду солӣ кам карда шудааст ва ҳамин тарақ, Садовничий ва Руденко 8,5 солиро дар маҳбаси низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард.

Халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко моҳи марти соли равон бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Онҳо гуноҳи худро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ҳавопаймоҳо маводи сӯхти кофӣ надоштанд ва аз рӯ маҷбур шуданд то дар Қӯрғонтеппа фуруд биёянд.
XS
SM
MD
LG