Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 узви як хонавода дар таркише дар Бодғис


Бар асари инфиҷори минаи рӯи раҳ дар вилояти Бодғис, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон, ёздаҳ нафар, аз ҷумла, нӯҳ узви як хонавода ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилӣ, ҳадафи асосӣ мошини полис буд ва мошин бо аҳли як хонавода бо амри тасодуф ҳадафи таркиш қарор гирифт. Дар ин ҳодиса ду корманди полис кушта шудаанд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Ҳамла дар рӯзи дуввуми Иди Қурбон ва чанд рӯз баъд аз ҳушдори раҳбари ҷунбиши “Толибон” Мулло Умар барои муҷозоти ҷангиёни дар ҳалокати мардуми осоишта муҷрим ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG