Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: ИМА бо аҳзоби мӯътадили исломӣ ҳамкорӣ мекунад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА гуфт, Вошингтон барои ҳамкорӣ бо аҳзоби исломии мӯътадиле, ки бар асари “баҳори арабӣ” сари қудрат меоянд, омода аст.

Зимни суханронӣ дар Вошингтон ӯ изҳор намуд, ки шартҳои ҳамкорӣ - арҷгузории ин ҳизбҳо ба демократия, волояти қонун, ҳуқуқи зан ва ҳуқуқҳои аққалиятиҳои миллӣ мебошанд.

Ҳилларӣ Клинтон иддаҳоеро, ки гӯё ислом ва демократия оштинопазиранд, иштибоҳӣ ва таҳқиромез номид.

Дар интихоботи ахир дар Тунис ҳизби исломии “Ан-Наҳда” пирӯз шуд. Бар пояи арзёбиҳо, аҳзоби исломӣ барои пирӯзӣ дар интихоботҳо дар Мисру Либия ҳам шонси зиёд доранд.
XS
SM
MD
LG