Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед хостори талошҳои сареътари Юнон шуд


ИМА ба думболи Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти мақомоти Юнон даъват кард, ки дар татбиқи ислоҳот ба хотири аз бӯҳрони қарзӣ берун кардани кишвар ва коҳиши хатари эътидол дар минтақаи евро шитоб кунад. Ҷей Карнӣ, сухангӯи КохиСафед, изҳор намуд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз Афина амали ҳарчӣ сареътарро интизор аст.

Қарор аст, ки имрӯз, баъд аз хатми музокирот миёни аҳзоби сиёсии кишвар, номи раиси нави ҳукумати эътилофии Юнон эълон шавад. Нахуствазири феълӣ Георгиос Папандреу барои истеъфо розӣ шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо шарт гузоштааст, ки фақат дар сурати аз сӯи Юнон тайид шудани содиқияш ба ислоҳот ва сарфаи шадиди маблағи буҷа, ба ин кишвар бахши нави кӯмаки молиявиро ироа мекунад.
XS
SM
MD
LG