Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА хостори инъикоси нигаронияш аз барномаи ҳастаии Эрон шуд


Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Кохи Сафед изҳори умедворӣ кард, ки дар гузориши нави Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ нигарониҳои Амрико аз барномаи ҳастаии Эрон инъикос хоҳад ёфт.

Гузориши МАГАТЭ бояд рӯзҳои наздик нашр шавад. Қарор аст дар гузориш рӯи он бахшҳои фаъолияти Эрон тамаркуз шавад, ки метавонанд ба соҳиби силоҳи қатли ом шудани Теҳрон мусоидат кунанд.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дар робита ба нигарониҳои Вошингтон гуфт, ки "ҷомеъаи байнулмилалӣ бо рушди барномаи ҳастаии Теҳрон бо аҳдофи осоишта мушкиле надорад. Дар навбати аввал он чиз боиси нигаронист, ки Эрон бо МАГАТЭ ҳамкории шаффоф намекунад ва ба ин созмон барои тафтиши пурраи муассисаҳои ҳастаияш имкон намедиҳад". "Мо иттилоъ дорем, ки Эрон сатҳи ғанисозии уранро то 20 дар сад боло бурдааст ва ин аз сатҳи барои рушди барномаи ҳастаӣ бо аҳдофи осоишта зарурӣ хело болотар аст", афзуд хонум Нуланд.

ИМА ва кишварҳои аврупоӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG