Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 38-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

“Истиқлол” (Душанбе) - ССКА “Помир” (Душанбе) - 1:0 (1:0). Гол: Дилшод Восиев (дақиқаи 2-юм).

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Равшан” (Кӯлоб) – 2:0 (1:0). Голҳо: Баҳодур Шарифов (нимаи аввали бозӣ) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (нимаи дуввум).

“Энергетик” (Душанбе) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 2:0 (2:0). Голҳо: Габриэл Донто (дақиқаи 2-юм), Акмал Авазов (дақиқаи 15-ум).

“Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Гвардия” (Душанбе) - 4:0 (1:0). Голҳо: Беҳрӯз Сангинов (нимаи аввал), Ҳусейн Ҷалолов (2 гол) ва Зокир Бердиқулов (нимаи дуввум).


Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 77 имтиёз аз 34 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 25 бозӣ кардааст, бо 67 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои севум қарор дорад.

Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни се дастаи пешсаф идома хоҳад кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) 19-голӣ, Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 17 гол, Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 16-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

34

25

2

7

68-31

77

2.

"Регар-ТадАЗ"

31

23

4

4

81-24

73

3.

Истиқлол”

25

22

1

2

67-13

67

4.

"Хайр"

31

17

3

11

61-32

54

5.

Энергетик

32

17

3

12

62-48

54

6.

ССКА “Помир”

32

14

2

16

54-56

44

7.

"Хуҷанд"

34

12

5

17

45-62

41

8.

ахш"

32

12

3

17

33-39

39

9.

“Парвоз

34

9

4

21

38-64

31

10.

Шодмон”

34

7

2

25

37-92

23

11.

вардия"

33

2

3

28

29-113

9

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG