Пайвандҳои дастрасӣ

Дар раҳпаймоии ахири миллатгароёни рус беш аз ҳама ҷавонон иштирок карда, зидди муҳоҷирон шиор мепартофтанд.

Александр Верховский, раиси маркази таҳқиқотии "Сова" гуфтааст, миллатгароён шиорҳои барангезандаи низоҳои қавмӣ сар медоданд, вале мақомоти пулис ба онҳо аҳамият надоданд.

Ҳамчунин, ӯ гуфтааст, ки на ҳамаи иштирокчиёни раҳпаймоӣ аз тафтиши пулис мегузаштанд ва одатан кормандони пулис ба иштирокчиёни "Марши русӣ" кам дахолат менамуданд.

Аркадий Дубнов

Аркадий Дубнов

АРКАДИЙ ДУБНОВ, коршиноси нашрияи "Московские новости" мегӯяд, афзоиши бегонаситезӣ дар Русия падидаи нав нест ва ҷараён дар даҳсолаи охир идома дорад. Ҷаноби Дубнов афзуд: "Одамон сабаҳои нобарориҳо ва орзуҳои амалиинашудаашонро дар дигарон меҷӯянд. Аксар вақт мардум муҳоҷиронро низ яке аз сабагорони бадбахтиҳои хеш медонанд."

Ба ақидаи ҷаноби Дубнов, сабаҳои афзоши бегонаситезӣ нисбат ба миллатҳои ғайр ва муҳоҷирон хеле зиёданд ва ҳеҷ кадоме аз ин сабабҳоро наметавон асосӣ номид.


КАРОМАТ ШАРИФОВ, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, мегӯяд, мувофиқи омори охир, теъдоди бекорон дар Русия ба 6 миллион нафар мерасанд, бинобар ин аҳолии маҳаллӣ муҳоҷиронро ба қавле "чашми дидан" надоранд. Сабаби дигари афзоши бегонаситезиро дар Русия ҷаноби Шарифов дар паст будани фарҳангу маданияти муҳоҷирон мебинад.

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов

Оқои Шарифов дар ин росто афзуд: "Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷират чизи хубе надидаанд. Онҳо дар ягон ҷо, на дар мактаб ё ягон ҷои дигар бо фарҳангу маданият ошно нагаштаанд. Ақалан дар ҷашнҳои Наврӯзе, ки мо дар Маскав баргузор мекунем, иштирок карда наметавонанд, чунки онҳо ҳамеша дар андешаи ёфтани пораи нонанд."

Ҳамчунин, дар пайи гузаронидани як пурсиши афкори умум дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, маркази тадқиқоти иҷтимоии Русия "Левада" муайян кардааст, ки дар се соли охир миқдори бегонаситезон дар Русия аз 41 дарсад то 46 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар гузориши ин марказ омадааст, ки шаҳрвандони Русия аз ҳама бештар намояндагони миллатҳои Қафқоз ва баъдан Осиёи Миёнаро бад мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG