Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши мухолифатҳо ба барномаи ҳастаии Эрон


Пойгоҳи ҳастаии Бушаҳр

Пойгоҳи ҳастаии Бушаҳр

Дар остонаи нашри гузориши IAEA, дар атрофи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон танишҳо авҷ гирифтааст.

Теҳрон Амрикову Исроилро ба он муттаҳам кард, дар пайи ҷалби ҳимояти ҷомеаи байнамилалӣ барои ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон ҳастанд.

РУСИЯ: "ҲАМЛА БА ЭРОН ХАТОИ БИСЁР ҶИДДӢ ХОҲАД БУД"

Аммо Русия мегӯяд чунин ҳамла, “як хатои бисёр ҷиддӣ” хоҳад буд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дирӯз дар шаҳри Маскав гуфт, бӯҳрон бар сари барномаҳои атомии Эронро аз роҳи низомӣ ҳаллу фасл кардан номумкин аст.

"Ман танҳо як гап дорам"

"Ман танҳо як гап дорам"

Айни замон Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Амрико аз қудрати дар ҳоли афзоиши Эрон ҳарос дорад, чун ҳоло кишвараш метавонад бо Исроил ва Ғарб рақобат кунад. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи расмии “Ал-Ахбор”-и Миср, Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, таҳдид ба кишвараш дар ҳолест, ки тавоноии низомии он тақвият меёбад. Ӯ ҳушдор додааст, ки “Эрон намегузорад, касе алайҳи он иқдом кунад”.

Рӯзи шанбе 5 ноябр Шимон Перес, раиси ҷумҳури Исроил гуфт, ”эҳтимоли ҳамла ба Эрон бештару бештар мешавад”. Шимон Перес, рӯзи якшанбе дар як мақола дар рӯзномаи исроилии “Ҳайом“ навиштааст, “ҷомеаи ҷаҳонӣ назар ба гузинаи дипломатӣ ба гузинаи ҳамла ба Эрон наздиктар мешавад.”

ТАНИШҲО ДАР ОСТОНАИ НАШРИ ГУЗОРИШИ IAEA

Танишҳо бар сари барномаҳои атомии Эрон дар ҳоле авҷ мегирад, ки қарор аст, имрӯз Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, гузориши тоза доир ба фаъолиятҳои атомии Эронро нашр кунад. Расонаҳо навиштаанд, ки дар ин гузориш далелҳое оварда шудаанд, ки нишон медиҳанд, Эрон пинҳонӣ барои сохтани мушакҳои атомӣ озмоишҳо анҷом медиҳад.

Эмилӣ Ландау, коршиноси аслиҳа ва амнияти минтақавӣ аз Пажӯҳишгоҳи амнияти миллӣ дар Тел Авив ба дар ин бора ба телевизиони Ройтерс гуфт: “Гузорише, ки рӯзи сешанбе нашр мешавад, эҳтимолан иттилооти тозае доир ба вазъи барномаҳои атомии Эрон нахоҳад дошт. Вале ба андешаи ман, ғолибан дар ин гузориш бо лаҳни қотеъе гуфта шудааст, ки Эрон дар воқеъ сари барномаи низомии атомӣ кор мекунад.”

ҚАЗИЯИ ЭРОН ҚУДРАТҲОРО "ПАРОКАНДА" КАРДААСТ

Панҷ узви доимии Шӯрои Амният, Амрико, Бритониё, Чину Русия ва Фаронса солҳои тӯлонӣ бо Эрон сари барномаҳои атомии он музокирот доштанд.

Лавров низ мухолифи ҳамла ба Эрон аст

Лавров низ мухолифи ҳамла ба Эрон аст

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ягона роҳ барои рафъи ҳаргуна нигарониҳо аз барномаҳои атомии Эрон, аз сар гирифтани ин музокирот аст, ки моҳи декабр соли гузашта ба бунбаст дучор шуд.

Вазорати умури хориҷии Олмон аз давлати Эрон хост, ба якборагӣ ба тамоми суолҳои беҷавоб доир ба барномаҳои атомиаш посух бигӯяд ва масъаларо тамом кунад. Андреас Пешке, сухангӯи вазорати умури хориҷии Олмон гуфт, кишвараш хоҳад хост, ки фишорҳои сиёсиву дипломатӣ ба Эрон бештар шавад, то ин кишвар талабҳои Созмони Милал дар робита ба барномаҳои атомиашро иҷро кунад.

Аз ин пештар Алан Жупе, вазири умури хориҷии Фаронса аз он ҳушдор дод, ки ҳамла ба Эрон тамоми Ховари Миёнаро ноором хоҳад кард: “Мо ҳоло ҳам метавонем, бо эъмоли таҳрим фишор ба Эронро афзоиш диҳем. Ва мо аз ҳамин роҳ меравем, зеро мудохилаи низомӣ, тамоми минтақаро ноамн хоҳад кард. “

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон борҳо хостааст, то фаъолиятҳои ғанисозии ураниумиро мутаваққиф кунад ва барои сарпечӣ аз ин талаб низ чаҳор маротиба алайҳи Эрон таҳрим эъмол кардааст.

Исроил ва Амрико ҳам батакрор аз эҳтимоли ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон сухан гуфтаанд. Аммо Эрон мегӯяд, барномаҳои ҳастаиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои сулҳомез, аст, на ҳадафҳои низомӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG