Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби Майкл Ҷексонро дар марги ӯ гунаҳкор донистанд


Додгоҳи Лос Анҷелес, табиби хусусии Майкл Ҷексон, овозхони шинохта дар ҷаҳонро дар марги ӯ гунаҳкор донист. Конрад Мюррейи 58-соларо ба беэҳтиётӣ, ки паёмадаш марг будааст, гунаҳкор донистанд. Ҳукми ӯ то ду ҳафтаи дигар эълом мешавад ва метавонанд ӯро ба 4 соли зиндон маҳкум кунанд. Майкл Ҷексон, рӯзи 25 июни соли 2009 бар асари истифодаи беш аз меъёри доруи мадҳушкунандаи пропофол даргузашт. Конрад Мюррей худро бегуноҳ хонд. Вакилони дифоъаш мегӯянд, худи Майкл Ҷексон барои рафъи бехобӣ аз табибаш хостааст, ба ӯ пропофол бидиҳад, вале додрасҳо гуфтанд, беэҳтиётии Конрад Мюррей ҳам иллати марги овозхон аст.
XS
SM
MD
LG