Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се "бомбгузор" дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон се нафарро дар иртибот ба бомбгузории ҳафтаи гузашта дар вилояти Атирау боздошт кардаанд. Додситонии ин вилоят гуфт, се узви як ҳалқаи террористиеро боздошт кардаанд, ки дар бомбгузории рӯзии 31 октябр дар маркази вилоят шаҳри Атирау даст доштаанд. Исму замони боздошти ин афродро ошкор накарданд вале гуфтанд, ҳадафи ин гурӯҳ, “тарсонидани мақомоти ҳифзи қонуну тартибот ва кормандони ҳукумати маҳаллӣ будааст”. Чанде пеш як гурӯҳи ношиноси тундрави мавсум ба Ҷунд ал-Халифа масъулияти бомбгузорӣ дар Қазоқистонро бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG