Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти се ҷавони белорус барои "беэҳтиромӣ" ба Ленин


Дар Ҷумҳурии Белорус се узви фаъоли як ҳаракати ҷавонони мухолифи давлатро барои партоб кардани тухм ба пайкараи Ленин дар шаҳри Минск дастгир карданд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, ҳангоми гулгузории гурӯҳе аз коммунистҳо ба пояи муҷассамаи Ленин дар рӯзи 94-умин солгарди Инқилоби Октябр ин се ҷавон ба сӯи муҷассама тухм партоб карда ва фарёд кашидаанд, ки “Коммунизм бояд муҳокима шавад”. Ҳар се нафар узви Ҷабҳаи ҷавонони Белорус будаанд.
XS
SM
MD
LG