Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади нокоми интихоботии Қирғизистон ба додгоҳ шикоят карданист


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров
Номзади нокоми интихобоит президентии Қирғизистон Адахон Мадумаров гуфт, ки то охир талаб хоҳад кард, ки натиҷаҳои раъйгирӣ бозбинӣ шаванд. Раҳбари ҳизби Қирғизистони воҳиди мухолифин бо 14,75 дар сади овозҳо дар интихоботи рӯзи 30 октябр ҷои дуюмро касб кард, дар ҳоле, ки нахуствазир Алмосбек Отамбоев бо 63 дар сади раъйҳо пирӯзиро ба даст овард. Мадумаро дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тарафдорони вай ба эътироз идома хоҳанд дод. Вай гуфт, ки онҳо ба баёни озоди мавқеи сиёсии худ аз роҳи раҳпаймоиву ҳамоишҳо доранд. Мадумаров мегӯяд, ки бисёриҳо натавонистанд дар раъйгирӣ иштирок кунанд. Вай мегӯяд, ки ният дорад аз болои натиҷаҳои интихобот ба додгоҳ, аз ҷумла додгоҳи олии кишвар шикоят кунад. Ин дар ҳолест, ки баъди чанд рӯзи эътирози тарафдорҳои номзади дигари интихоботӣ Қамчибек Тошиев дар ҷануб ва пойтахти Қирғизистон, гуфт, ба хотири суботи кишвар даст аз эътирозу раҳпаймоӣ мебардорад.
XS
SM
MD
LG