Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнониҳо бояд нахуствазири навро интихоб кунанд


Раҳбарони сиёсии Юнони дар қарз дармонда имрӯз қарор аст барои ташкили ҳукумати муваққати ваҳдати миллӣ гирди ҳам омада, дар заминаи тасдиқ ва иҷрои шарту шурути қарзе бо арзиши 130 миллиард Евро, ки барои аз бӯҳрон наҷот ёфтани ин кишвар ихтисос ёфтааст, мавқеъгирӣ кунанд. Бар тибқи созиши рӯзи якшанбе ҳосилшуда, раҳбари сотсиалистҳо Георгий Папандреу аз мақоми нахуствазирӣ канор меравад. Номзадҳои аслии курсии нахуствазирӣ Лукас Пападемос, собиқ муовини раиси Бонки марказии Аврупо ва вазири молия Евангилос Венизелос мебошанд. Сухангӯи ҳукумат гуфт, ки дар давоми як ҳафтаи наздик нақшаи тақсими қудрат эълон мешавад. Вазорати молияи кишвар гуфтааст, ки нирӯҳои азими сиёсӣ барои таъйини 19 феврал чун рӯзи интихобот мувофиқат ҳосил карданд.
XS
SM
MD
LG