Пайвандҳои дастрасӣ

Нишондодҳои қарзи Итолиё ба баландтарин сатҳ расида, боиси афзоиши фишор бо талаби истеъфои нахуствазир Силвио Берлусконӣ аз вазифа шудааст. Мизони қарзҳои дар давоми даҳ сол гирифтани Итолиё ба ҳадди 6.58 дар сад баробар шудааст, ки баландтарин нишондод аз замони ҷоришавии пули Евро дар соли 1999 буда, хеле наздик ба марзи 7 дар садест, ки Ирландияву Португалия доштаанд. Итолиё метавонад қурбонии навбатии бӯҳрони қарзии минтақаи таҳти нуфузи евро шавад, чун бо нишондодҳои баланди қарзӣ ин кишвар бо рушди заъиф рӯбарӯ шуда аммо кандани қарзҳои он хеле гарон хоҳад буд. Канорравии Берлускони ба манфиати сармоягузорон хоҳад буд, чун ҳукумати нав барои анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ зудтар иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG