Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтаи гузашта дар Афғонистон як ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Ҳақ ва адолат” арзи вуҷуд кард.

Ин ҳизб намояндагони қавму миллатҳои мухталифро зери як парчам гирдиҳам оварда, бовар дорад, ки рақиби ҷиддии ягона гурӯҳи мухолифи ҳукумати президент Ҳомиди Карзай - "Эътилофи тағйир ва умед" хоҳад шуд. Ҳамзамон ин ҳизб мехоҳад худро ҳамчун алтернатива ба ҳукумати Ҳомиди Карзай нишон диҳад.

Рӯзи сеюми ноябр дар Кобул яке аз чор сухангӯёни феълии ҳизби “Ҳақ ва адолат”, собиқ вазири молияи Афғонистон Ҳомиди Форуқӣ гуфт, ки то ҳанӯз дастгоҳҳои ҳукуматӣ натавонистаанд хостаҳои мардумро бароварда созанд

Симо Самар, Раиси комиссияи мустақили дидбони ҳуқуқи башари Афғонистон

Симо Самар, Раиси комиссияи мустақили дидбони ҳуқуқи башари Афғонистон

Дар баробари Форуқӣ, ки худ паштунтабор аст, собиқ вазири умури дохилии Афғонистон Муҳаммадҳаниф Атмар, раиси комиссияи мустақили Дидбони ҳуқуқи башари Афғонистон хонум Симо Самар, ҳамчунон донишманди ҳазора Аббос Ноян, Асад Валватҷии узбак, ки аз мухолифини сарсахти ҷангсолор Абдурашиди Дустум аст, вакили мардумии чапгаро Кабири Ранҷбар ва муовини вазири адлияи Афғонистон дар давраи ҳукми Толибон Ҷалолуддин Шинворӣ иброз доштаанд, ки ба ҳизби "Ҳақ ва адолат" шомил хоҳанд шуд.

Дар конфронси муассисони ин ҳизб сиёсатмадори афғон хонум Озито Рафъат изҳори умед кард, ки гурӯҳ сазовори эътимод мардум хоҳад шуд.

Аммо сиёсатшиноси афғон Насрулло Станикзай мегӯяд, афғонҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ зиёд бовар надоранд, зеро дар давоми сиву се соли ахир ҳизбҳо то расидан ба сари қудрат як шиор доранду баъди тасарруфи ҳукумат ҳарфу корашон тағйир меёбад.

Станикзай бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи ин кишвар фарҳанги мушорикати сиёсӣ зиёд рушд накардааст ва барои пайдо шудани эътимод ба ҳизбҳои сиёсӣ, вақт лозим аст.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, раҳбари "Эътилофи тағйир ва умед"

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, раҳбари "Эътилофи тағйир ва умед"

Феълан аз миёни беш аз даҳ гурӯҳи сиёсии Афғонистон, фақат "Эътилофи тағйир ва умед" дорои нуфуз мебошад. Ин эътилоф таҳти сарварии собиқ вазири умури хориҷӣ ва собиқ довталаби курсии президенти Афғонистон Абдуллоҳи Абддулоҳ ва пешвоёни Эътилофи шимоли Афғонистон қарор дорад.

Баъди куштори собиқ президенти Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ дар моҳи сентябри гузашта, “Эътилофи тағйир ва умед” пешниҳод кард, ки музокироти сулҳ бо Толибон қатъ гардад, вале ҳизби тозатаъсиси “Ҳақ ва адолат” ҳамоно тарафдори оштиии миллӣ бо ошӯбгарон аст.

“Ҳақ ва адолат” тарафдории ҳамкорӣ бо нерӯҳои байналмилалӣ буда, исрор меварзад, ки истиқлоли Афғонистон бояд эҳтиром шавад. Дар айни замон ҳамкориҳои Афғонистон бо нерӯҳои байналмилалӣ набояд ба равобити Афғонистон бо ҳамсояҳояш латма занад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG