Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари сӯхтор дар як корхонаи кимиёвӣ воқеъ дар канори Маскав, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Исоҷон Мӯсоев ва Олимҷон Раҳматов, сокинони ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент ва сокини шаҳраки Ҳисор Муродҷон Раҳимов баъди оташ гирифтани сехи пластмассаи корхона натавонистанд, ки сари вақт биноро тарк намоянд. Як шаҳрванди Узбакистон низ дар миёни қурбониёни ин оташсӯзӣ будааст.

Ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ҳар чаҳор нафари ба ҳалокатрасида дар интизори хобгоҳ муваққатан дар ин сех ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекарданд.

Ба гуфтаи Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, аз рӯи ин ҳодиса бахши шаҳрии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтишот идома дорад. Ӯ меафзояд, ки баъд аз расидани хабари фоҷиа, муовини раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷират Саидмухтор Мирзоев ба таври фаврӣ ба шаҳри Подолск фиристода шуд ва дар он ҷо бо мақомоти умури дохиливу тафтишотӣ, аз ҷумла, бо муфаттиши додситонӣ Артем Курушин, бо раҳбарони корхона ва бо Раҷаббой Раҳимов, падари яке аз қурбониёни ҳодиса, сӯҳбат кард.

Асрор Одинаев хабар дод, ки айни ҳол мавзӯъи қонунӣ ё ғайриқонунӣ дар ин корхона кор кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳам тафтиш мешавад. “Ин ҳодиса бори дигар собит мекунад, ки муҳоҷирон бояд ба Русия муташаккилона ва фақат ба корхонаҳое фиристода шаванд, ки барои онҳо шароити мусоиди кору зисту истироҳат муҳайё карда ва таъмини амнияташон кафолат дода мешавад”, мегӯяд ӯ.

Асрор Одинаев бо таассуф афзуд, ки теъдоди бештари шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон дар Русия ба ҳар коре, ки пеш омад, розӣ мешаванд ва аксар вақт дар ҷойҳое кор мекунанд, ки на фақат бехатарии онҳо кафолат дода намешавад, балки корфармоён ҳуқуқҳояшоро бераҳмона поймол мекунанд.

Масъули Хадамоти муҳоҷират афзуд, ки мавзӯъи интиқоли муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар сатҳи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия баҳсу баррасӣ мешавад ва интизор меравад дар ин бора ба зудӣ созишномае ҳам имзо шавад. Зимнан, мегӯяд ӯ, муташаккилона ба кор фиристодан замони шӯравӣ ҳам маъмул буд ва аз он таҷриба ҳам метавона истифода бурд.

Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия афзуд, ки сарвари корхонаи “Авиатор” Сергей Каткин ҳама харҷи интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон ва ироаи ҷубронпулӣ ба хонаводаҳои онҳоро комилан бар дӯш гирифтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG