Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи муҳокимаи навбатии Карлоси Шағол дар Фаронса


Ҷангҷӯи чапгарои зодаи Венесуэла бо лақаби Карлоси Шағол имрӯз дар Париж дар баробари додгоҳ ҳозир шуда, барои иттиҳомоти марбут ба анҷоми як қатор амалҳои террористӣ дар Фаронса соли 1980 посух хоҳад дод. Карлоси 62-сола, ки исми аслиаш Илйич Рамирес Санчес аст, барои куштори ду афсари полиси Фаронса ва як ҷосус дар соли 1975 аллакай ҳукми абад гирифта дар зиндони фаронсавӣ ба сар мебарад. Додгоҳи нав барои анҷоми таркишҳои бомбгузоришуда дар солҳои 1982 ва 1983 ташкил шудааст, ки дар он ҳодисаҳо дар маҷмӯъ 11 нафар кушта шуда беш аз 100 кас маҷрӯҳ гардиданд. Се шарики дигари ӯ дар ин ҳамлаҳо, ки олмониву фаластинӣ мебошанд, дар ғайбашон муҳокима мешаванд. Вакилони дифоъ мегӯянд, ки додгоҳи ин афрод “як шармандагӣ” аст, ба он хотир, ки шаҳодати дугона доранд. Карлос ҳанӯз соли 1975 баъди гаравгонгирии 11 вазири умури нафти узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дар Вена маъруфияти ҷиноӣ касб кард. Муттаҳам худро дар додгоҳ чун як “инқилобгари касбӣ” муаррифӣ кардааст. Вай соли 1994 аз ҷониби ҷосусони фаронсавӣ боздошт шуда, соли 1997 ба зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG