Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даниэл Ортега бори сеюм президенти Никарагуа интихоб шуд


соли 2008
соли 2008
Собиқ раҳбари марксисти шӯришиёни Никарагуа Данэл Ортега барои сеюмин бор дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвари воқеъ дар Амрикои Марказӣ пирӯз шуд. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ Ортега 66 дар сади раъйҳои рӯзи якшанберо ба худ ихтисос дод. Дар давоми панҷ соли раҳбариаш дар ин кишвар Ортега тавонист нишондодҳои иқтисодии Никарагуаро бо пуштибонии муттафиқи сотсиалисташ раҳбари Венесуэла Ҳуго Чавез боло бубарад. Вале аз назари мунаққидон, пирӯзии ӯ баъди он имконпазир шуд, ки додгоҳи олӣ, ки зери назари ҳизби Сандинистои ӯ қарор дорад, маҳдудияти ширкати батакрори як номзадро дар интихобот бекор кард. Ин боис шуд, ки Ортегоро мисли Чавези Венесуэла барои кӯшиши ғасби давомдори қудрат айбдор карданд. Ортега, ки собиқ фармондеҳи шӯришиёни Сандиниста аст, ки соли 1979 инқилоб карда бо ИМА дар шароити ҷанги сард ба сар бурдааст, бори аввал дар солҳои 1985 то 1990 президенти Никарагуа будааст.
XS
SM
MD
LG