Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири хориҷаи Русия алайҳи ҳамла болои Эрон ҳушдор дод


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз ҳушдор дод, ки ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона алайҳи Эрон “иштибоҳи хеле ҷиддӣ” хоҳад буд. Вай гуфт:

“Ин як иштибоҳи хеле ҷиддӣ хоҳад буд, ки паёмадҳои ғайри қобили тасаввур хоҳад дошт. Барномаи ҳастаии Эрон мисли ҳар масъалаи дигари замони имрӯз ҳилли низомӣ надорад”.

Изҳороти Лавров баъди он садо дод, ки президенти Исроил Шимон Перес гуфт, эҳтимоли вуқӯи ҳамла болои Эрон зиёд аст. Ҳафтаи ҷорӣ бояд гузориши СММ дар заминаи таҳаввулоти ахири атрофи барномаи ҳастаии Эрон муаррифӣ шавад. Матбуоти амрикоӣ мегӯяд, ки гузориши Оҷонсии энержии атомии вобаста ба СММ шаҳодати онро дорад, ки Эрон дар эҷоди силоҳи ҳастаӣ ба пешрафти ҷиддӣ даст ёфтааст. Дар гузашта ИМА ва Исроил Эронро ҳушдор додаанд, ки зидди маконҳои ҳастаии ин кишвар ҳамлаҳо анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG