Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Австралия Ҷулия Гиллар зимни боздид аз Афғонистон ба муносибати ифтитоҳи сафоратхонаи ин кишвар дар шаҳри Кобул бо президент Ҳомид Карзай дидору мулоқоте анҷом дод. Дафтари Гиллар гуфт, ки сафари нахуствазири Австралия бидуни эълони пешакӣ рӯзи якшанбе баргузор шуд. Ҳафтае пеш аз ин дар ҳамлае дар паради низомӣ дар вилояти Қандаҳор се сарбози австралиягӣ кушта ҳафт тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар давоми даҳ соли ҷангҳои Афғонистон 32 низомии австралиягӣ ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG