Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарвазирони СҲШ дар Санкт-Петербург


Нахуствазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ташкили ҷаласа мекунанд. Қарор аст дар ин нишаст музокироти дуҷонибаи сарвазирони Русияву Чин – Владимир Путин ва Вен Ҷиабао ва Русияву Покистон – Путину Юсуфризо Гелонӣ баргузор шавад. Ин созмон, ки аз таъсисаш даҳ сол мегузарад, Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро зери чатри ҳамкориҳои амниятиву иқтисодӣ ба ҳам овардааст. Давлатҳои дигар – Муғулистон, Ҳинд, Эрон ва Покистон мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG