Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи интиқоли ҷасадҳои тоҷиконро корхонаи русӣ пардохт мекунад



Корхонаи кимиёии шаҳри Подолски вилояти Маскав гуфтааст, ки харҷу хароҷоти интиқоли ҷасади се коргари дар як сӯхтор нобудшударо ба Тоҷикистон ба дӯш мегирад. Дар ин бора дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Асрор Одинаев, раиси намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дод. Сӯхтор рӯзи 5 ноябр дар корхонаи саҳҳомии “Авиатор” рух дод, ки дар натиҷаи алангае дар сехи коркарди маводи пластик, чаҳор нафар, се шаҳрванди Тоҷикистон ва як табааи Ӯзбакистон кушта шуданд.


“Дар натиҷа, Исоҷон Мусоев, Олимҷон Раҳматов ва Муродҷон Раҳимов ба ҳалокат расиданд. Раҳматов ва Мусоев аз шаҳри Панҷакент ва Рахимов сокини ноҳияи Рӯдакӣ буданд”.


Эҳтимол меравад, ки ин коргарон ба таври ғайриқонунӣ дар ин ҷо кор мекарданд, ва маҳали сӯхтор як хонаи табдили либос будааст. Вале дар паи сӯхтор ин ҷо чаҳор рахти хоб ошкор шуд. Сабаби сар задани сӯхтор мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG