Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти сиёсии Юнон дар пешорӯи навшавии ҳукумат


Раҳбарони сиёсии Юнони дар қарз дармонда имрӯз қарор аст барои ташкили ҳукумати муваққати ваҳдати миллӣ гирди ҳам омада, дар заминаи тасдиқ ва иҷрои шарту шурути қарзе бо арзиши 130 миллиард Евро, ки барои аз бӯҳрон наҷот ёфтани ин кишвар ихтисос ёфтааст, мавқеъгирӣ кунанд. Бар тибқи созиши рӯзи якшанбе ҳосилшуда, раҳбари сотсиалистҳо Георгий Папандреу аз мақоми нахуствазирӣ канор меравад. Имрӯз дар як мулоқоти Папандреу ва раҳбари мухолифин Антонис Самарас масъалаи нахуствазири нави ин кишвар ва ҳайати кабина баррасӣ мешавад. Дар давоми як ҳафта бояд дар робита бо ҳайати нави ҳукумати Юнон дар парлумон раъйгирӣ сурат гирад. Вазорати молияи кишвар гуфтааст, ки нирӯҳои азими сиёсӣ барои таъйини 19 феврал чун рӯзи интихобот мувофиқат ҳосил карданд.
XS
SM
MD
LG