Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбас беҳтар аз озодӢ?


Даромадгоҳи зиндони занона дар Норак (акс аз бойгонӣ)
Даромадгоҳи зиндони занона дар Норак (акс аз бойгонӣ)

Ҳашт зани маҳбус, ки чанде пеш бар асоси қонуни афв аз зиндони занонаи Норак раҳо гардида буданд, дубора боздошт шудаанд.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ, ин занон дар содир кардани ҷиноятҳое, назири дуздӣ, авбошӣ ва тақаллубкорӣ муттаҳам дониста шуда, айни ҳол дар маҳкамаҳои тафтишотии кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

ПУШТИ ПАНҶАРА БЕҲТАР АЗ ОЗОДӢ?

Манбаи хабар аз додситонии Хатлон гуфт, тафтиши муқаддамотӣ маълум кардааст, ки ин занон барқасдона ҷиноят содир кардаанд, то баргашта равонаи зиндони Норак, ягона маҳбаси занона дар Тоҷикистон, гарданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳаббат Мирзораҳимова, коршинос дар умури занон мегӯяд, ин иддао, ки гӯё занон барқасдона ҷиноят содир кардаанд, то дубора ба зиндон равона шаванд, сиҳат надорад: «Ҳеҷ вақт, ягон инсон барқасд ҷиноят содир намекунад, то баргашта ба зиндон афтад. Ягон вақт ҳаёти зиндон бо ҳаёти мулкӣ баробар шуда ё аз озодии инсон боло буда наметавонад. Ин ҷо шояд гап бар сари якчанд нафари алоҳида меравад, ки зиндон барояшон ба ягона макони зиндагӣ табдил ёфтааст…»

Соҳибназарон мегӯянд, ҷиноёти дуздию тақаллубкорӣ, ки ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, кори дасти занони ба тозагӣ раҳошуда аз зиндон будааст, гувоҳи ин ҳол аст, ки танҳо ба сабаби тангдастии молӣ ва надоштани манбаи даромад барои таъмини рӯзгор содир шудааст.

ЧАРО ЗАНОНИ РАҲОШУДА ДАСТ БА ҶИНОЯТ МЕЗАНАНД?

Бунафша Ғуломова, таҳлилгари маҳаллӣ, бар ин назар аст, ки агар мақомоти давлат барои занҳои раҳошуда аз маҳбас шароити мутобиқгардӣ ба ҳаёти мулкӣ, машғулияти бомузд ва кӯмакҳои аввалияи иҷтимоӣ расонад, андешаи содир кардани ҷиноят дигарбора ба сари онҳо намеояд:
«Бояд барои занҳое, ки нав аз маҳбас озод мешаванд, коргоҳҳои хурд таъсис дода шавад, то ки онҳо шуғли бомузд дошта бошанд, фоидаовар буданашонро барои ҷамъият эҳсос кунанд. Зеро занҳое, ки аз маҳбас мебароянд, дар муқоиса бо мардони маҳбус ба ҷамъият душвортар шомил мешаванд, онҳоро хуш қабул намекунанд. Барои ин занҳо бояд давраҳои омӯзишӣ, мутобиқшавӣ ба зиндагии мустақил доир карда шавад, барои оғоз кардани зиндагии нав барояшон як муддат кӯмакпулӣ дода шавад, то маҷбур нашаванд, ки ҷиноят содир кунанд. Баъзе аз чунин занҳо фарзанд доранд, ки бояд тарбия кунанд, хӯронанд. Баъзеяшон дар он муддат, ки дар маҳбас нигаҳдорӣ мешуданд, аз шавҳаронашон ҷудо шудаанд, баъзеяшон хона надоранд ва шароити зиндагиашон вазнин аст. Аз ин лиҳоз, ҳамаи ин паҳлӯҳои масъала бояд таҳлилу ба инобат гирифта шавад. Агар онҳо дастгирӣ наёбанд, табиист, ки кӯшиш мекунанд дубора ба зиндон – хонае, ки гарм асту ба он одат кардаанд ва он ҷо ҳамеша ғизои тайёр ҳаст, баргарданд…»

Вале дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон камбуди ҷойҳои корӣ барои мутахассисони риштаҳои гуногун ва корҷӯён дар миён ҳаст, пайдо кардани ҷойи кор бо маоши кофӣ барои маҳбусони собиқ мушкил ва гоҳе берун аз имкон ба назар мерасад. Маъмулан, раҳбарони ширкату корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ аз қабули афроди дорои доғи судӣ ба кор худдорӣ мекунанд.

Аз сӯйи дигар, ба андешаи коршиносон, мафҳуми озодӣ барои иддае аз занони маҳбус сахт аст, чун андешаи оғози зиндагии нав, дубора ба дӯш гирифтани масъулияти таъмини рӯзгор, оиладорӣ ва барқарор кардани робитаи солим бо ҷомеа барояшон кори сахт менамояд.

ЗИНДОН-ҶОИ ИСЛОҲ Ё ПАНОҲНОҲ АЗ САХТИҲОИ РӮЗГОР?

Фотима Ҳалимова, намояндаи созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз зиндонӣ кардани ҷинояткор ислоҳи кору рафтор ва мафкураи ӯ мебошад. Аммо хонум Ҳалимова шубҳа дорад, ки зиндон тавонад зани маҳбусро ислоҳ ва ба зиндагии шоистаи минбаъда ҳидоят намояд: «Аслан зиндон кардани ҷинояткор ҳадафи расондани таъсир ва гирифтани ибрат барои одамонеро ба думбол дорад, ки дар озодӣ ҳастанд. Вале худи он нафаре, ки пушти панҷара равон мегардад, дар аксари маврид ислоҳ намешавад. Бахусус агар зиндонӣ зан бошад. Вай нафрати мардумро нисбат ба худаш мебинад, ҳис мекунад, ки муносибат ва диди атрофиён ба ӯ холису хайрхоҳона нест. Аз ин рӯ талош намекунад, ки чеҳраи худро хуб нишон диҳад, исбот кунад, ки ислоҳ шудааст. Маҳбусоне, ки натиҷаҳои мусбати ислоҳшавиашонро намебинанд, дигар аз гуноҳи кардаашон пушаймонӣ ҳис намекунанд. Ҳамин занҳое, ки ба зиндон бармегарданд, эҳсоси ҷинояткор будан барояшон табиӣ шудааст, онҳо бо ҳамин андеша худро роҳаттар эҳсос мекунанд. Зиндон барои ислоҳи чунин занон таъсир намекунад…»

ҚОНУНИ АФВ...

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо тасвиби қонуни афв дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ, беш аз 180 зани маҳбус аз муассисаи ислоҳии воқеъ дар шаҳри Норак озод карда шуда, дар сӯҳбат бо расонаҳо изҳори пушаймонӣ аз солҳои баръабасрафтаи умри худ дар пушти панҷара мекарданд. Аммо намояндаи додситонӣ мегӯяд, боздошти 8 зане, ки тоза аз маҳбас раҳо гардида буданд, далели ислоҳ нашудани онҳо дар зиндон мебошад.

Ба иддаои таҳлилгарон, одатан аз 20 то 30 дарсади маҳбусони афвшуда бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ дубора ба муассисаҳои ислоҳӣ бармегарданд. Шумори қобили мулоҳизаи онҳое, ки тоза аз маҳбас раҳо шудаанд, аллакай бо гумони содир кардани ҷиноёти дуздию ғоратгарӣ ва авбошӣ мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG