Пайвандҳои дастрасӣ

Омори тозаи теъдоди корбарони Интернет дар Тоҷикистон


Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки теъдоди корбарони телефонҳои ҳамроҳ ба 6 миллион ва теъдоди корбарони интернет дар кишвар ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст. Омори тоза дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро оид ба технологияҳои иттилоъотиву мухобиротӣ нашр шудааст, ки ин ҷаласа охири ҳафтаи гузашта баргузор гашт. Афзоиши муштариёни фанновариҳои навин дар Тоҷикистонро, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, баёнгари рушди ин фанновариҳо дар кишвар хонда ва амр додааст, то ду моҳи дигар лоиҳаи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ барои баррасӣ пешниҳод шавад.
XS
SM
MD
LG